МО ДАР БОРАИ ҲАМАИ НАВЪҲОИ ПУГ, КИ ДАР ҚАЛАМРАВИ ТОҶИКИСТОН ПАРВАРИШ КАРДА МЕШАВАНД, ХИЗМАТРАСОНИҲОИ МАШВАРАТӢ ПЕШНИҲОД МЕНАМОЕМ. ВАЗИФАИ АСОСИИ ХИЗМАТРАСОНИИ МАШВАРАТӢ БАЛАНД БАРДОШТАНИ ҲОСИЛНОКИИ ИСТЕҲСОЛКУНАНДАГОН МЕБОШАД. ХИЗМАТРАСОНИИ МАШВАРАТӢ БО ДУ РОҲ ПЕШНИҲОД КАРДА МЕШАВАД. МАШВАРАТИ МУСТАҚИМ АЗ КООПЕРАТИВ БО ҶАЛБИ КОРМАНДОН ВА МУШОВИРОН БАРОИ ХОҶАГИҲОИ КАЛОН, ШИРКАТҲО ВА СОЗМОНҲО ВА ЛОИҲАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. МАШВАРАТИ ҒАЙРИМУСТАҚИМ ТАВАССУТИ ШАБАКАИ МАШВАРАТИИ SAROB БАРОИ ДЕҲҚОНОНИ МИЕНА ВА ХУРД
ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА
мо барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ аз ҳар гектар бо истифода аз технологияи муосир дар истеҳсоли пахта кор карда истодаем. Аз истифодаи тухмиҳои баландсифат то татбиқи равишҳои муосир барои ҳифзи растаниҳо.
ПАРВАРИШИ МЕВА
Дар боғҳои мавҷуда, мо тавсия медиҳем, ки дар як қатор самтҳо, аз қабили навдаро, истифодаи дурусти нуриҳо ва микроэлементҳо, оберии самаранок ва назорати ҳамаҷонибаи ҳашароти зараррасон кор кунем. Вазифаи асосии мо зиед кардани хосил аз хар як дарахти мевадиханда мебошад.
ПЕШБУРДИ ХОҶАГИИ ГАРМХОНА
истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ танҳо бо истифодаи технологияҳои муосир дар соҳаи кишоварзӣ имконпазир аст, то ҳар як қитъаи замин ҳосили баланд ба даст орад. Дар ин ҳолат, мо омодаем машварати худро оид ба истеҳсоли гармхона пешниҳод кунем.
САБЗАВОТ
мо барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ аз ҳар гектар бо истифода аз технологияи муосир дар истеҳсоли сабзавот кор карда истодаем. Аз истифодаи тухмиҳои баландсифат то татбиқи равишҳои муосир барои ҳифзи растаниҳо.
ПАРВАРИШИ БОҒҲОИ МЕВАДИҲАНДА
мо парвариши боғҳои пуршиддатро тарғиб мекунем ва омодаем дар интихоби навъҳои мувофиқи мева, ниҳолҳо ва кӯмаки техникӣ дастгирӣ кунем.
ИСТЕҲСОЛИ ЗИРОАТҲОИ ҒАЛЛАДОНА
дар асоси таҷрибаи чандинсола дар ин соҳа, мо метавонем ба деҳқонон дар интихоби навъҳои устувор ва серҳосил маслиҳат диҳем ва дар парвариши зироатҳои ғалладона кӯмаки техникӣ расонем.